Рӯзи 19-уми сентябр дар Душанбе миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкати Синтзян Жонтай Синсилу Нонийе Инвест дар бахши сохтмони корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва корхонаи истеҳсоли нуриҳои фосфатӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, зери ёддошти мазкур вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода ва директори ширкати Чин Ван Чуанченг имзо гузоштанд.
«Иқтидори корхона истеҳсоли 300 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ва 150 ҳазор тонна нуриҳои фосфатӣ дар як сол буда, он ба сифати сӯзишворӣ аз гази тариқи синтез аз ангишт ҳосилшуда кор мекунад. Дар марҳилаи ҳозира ёддошт нияти сохтмони корхонаро ифода намуда, минбаъд ҷонибҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур созишномаву қарордод ва шартномаҳои зарурӣ ба имзо мерасонанд», - гуфтанд дар вазорати мазкур.
Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон умедворанд, ки сохтмони корхонаи нави истеҳсоли нуриҳои минералӣ дастрасии деҳқонони тоҷик ба нуриҳои минералии хушсифат ва арзон дар дохили кишварро бамаротиб осонтар хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ нуриҳои минералиро пурра аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Корхонаи ягонаи истеҳсоли нурии азотӣ (карбамид) барои соҳаи кишоварзӣ - «ТоҷикАзот» соли 1964 таъсис ёфта, бинобар сабаби мавҷуд набудани гази табиӣ, ки аз Ӯзбекистон интиқол дода мешуд, аз соли 2008 аз фаъолият бозмонд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста