Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни хадамотҳои геологии Тоҷикистону Финландия баргузор гашт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финландия оид ба «Рушд ва омўзиши захираҳои табиӣ бо мақсади беҳдошти аҳолӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017» дар асоси Ёддошти тафоҳуми байни Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия оид ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Финляндия, ки 13 декабри соли 2013 дар шаҳриДушанбе ба имзо расонида шуда буд таҳия гардидааст.
Ёддошти тафоҳуми мазкур барои рушди минбаъдаи геопортали Осиёи Марказии дар якчоягӣ ташкилшуда, пешравии мўътадили истифодаи захираҳои табиии миллӣ ва паҳнкунии маълумотҳои геологӣ барои доираи гуногуни истифодабарандагон, мониторинги равандҳои экзогении хавфноки минтақавӣ ва харидории таҷҳизотҳои геофизикӣ пешбинӣ шудааст.
Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финландия оид ба «Рушд ва омўзиши захираҳои табиӣ бо мақсади беҳдошти аҳолӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017»-ро аз ҷониби Тоҷикистон сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Мурод Хол ва аз ҷониби Финландия менеҷери лоиҳа Юкка Мултала, ки бо Ваколатномаи сардори Хадамоти геологии Финландия ҷаноби Элиас Экдал иштирок дошт, ба имзо расониданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста