Душанбе, 29 сентябри соли 2014: Имрӯз миёни Сафири Ҷопон дар ҶТ оқои Камада Такаши ва Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) хонум Раҳмон Озода Эмомалӣ маросими мубодилаи Ёддошт марбут ба татбиқи лоиҳа дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баргузор гардид. Бад аз ин маросим Созишномаи грантӣ оиди лоиҳаи «Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз ҷониби Ноиби калони Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилаллӣ (JICA) оқои Домичи Хидеаки ва Вазири молияи ҶТ оқои КурбоновАбдусаломба имзо расид. Дар чаҳорчубаи лоиҳаи мазкур Ҳукумати Япония, таввасути JICA, ба Ҳукумати ҶТ 1.9 милиард йени ҷопонӣ (тақрибан 93 миллион сомонӣ бо қурби феълӣ) ҷудо менамояд, ки ин маблағ ба сохтмони терминали боркашӣ ва насби системаи чароғакҳои равшандиҳанда барои фурудшавии ҳавопаймо (PALS) ва системаи инструменталии фурудшавии ҳавопаймо (ILS) дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нигаронида шудааст.
Дар Тоҷикистон, мамлакате, ки дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дорад, соҳаи авиатсия барои кашонидани бор ва мусофирон ва робита бо дигар давлатҳо нақши муҳимро мебозад. Дар солҳои 2009-2013 шумораи мусофироне, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истифода бурданд, солона аз 15 то 18 фоиз зиёд шуд. Теъдоди бор ҳам зиёд шуд. Новобаста аз мавҷуд будани ниёз ба таъминоти бехатарӣ ва фаъолияти мунтаззами фурудгоҳ, бо сабаби туманнокӣ ва дигар ҳолатҳои номусоиди обу ҳаво, бекоркунии рейсҳо вуҷуд дорад. Ин гувоҳи аз он медиҳад, ки насби таҷҳизоти бехатарии навигатсияи авиатсионӣ барои фурудгоҳ хеле муҳим мебошад. Фарсудашавии терминали боркашӣ, ки 50 сол пеш сохта шуда буд, масъалаи ҷидди мебошад, ки назорати ҳарорати ҳаво ва идораи борҳои ҳаҷмашон калонро мушкил месозад. Аз ин лиҳоз, сохмони терминали боркашӣ ба тақсимкунии мунтаззами борҳо мусоидат мекунад.
Лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” системаи бехатарии фурудшавии ҳавопаймоҳоро ва инфрасохтори терминали боркаширо беҳтар месозад, ки ин дар навбати худ, бехатарии фаъолияти авиатсионӣ ва тақсимкунии борро боло мебарад.
Илова бар кӯмаки грантии мазкур, JICA барои коргарони фурудгоҳи байналмилалӣ барномаи омӯзиши оиди бехатарии авиатсионӣ мегузаронад, ки ин ҳама гувоҳи аз расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ва судманд баҳри мусоидат ба самаранокии фаъолияти фурудгоҳ ва бехатарии он медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста