Ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии Asian Express Airlines рӯзи 29-уми сентябр тариқи ҳавопаймои Боинг 737-400 парвози нахустин аз Душанбе ба шаҳри Астрахани Русия ва аз он ҷо бозпас ба пойтахти Тоҷикистонро анҷом дод.
Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, парвоз ба ин самт як маротиба дар 14 рӯз сурат гирифта, нархи билет ба як самт тавассути ин хатсайр 1400 сомониро ташкил медиҳад. «Ҳавопаймоҳо барои анҷоми парвозҳоро ширкат аз ҶСК «Тоҷик Эйр» ба лизинг мегирад», - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймоҳои Asian Express Airlines айни замон ба муоинаву азназаргузаронии иловагӣ эҳтиёҷ доранд, зеро муддати тӯлонӣ дар истгоҳҳо қарор доштанд. «Пас аз анҷоми ин корҳо мо ба истифодаи онҳо шурӯъ мекунем», - шарҳ доданд дар ширкат.
Зимнан зикр гардид, ки аз 1-уми октябр ширкати ҳавопаймоӣ ба анҷом додани парвозҳо тавассути хатсайри Хуҷанд – Барнаул низ оғоз мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста