Зиёд шудани пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба воситаи ҷалби онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ идома дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, бақияи амонатҳо тибқи маълумотҳои оморӣ дар охири моҳи августи соли ҷорӣ 6 млрд. 167,9 млн.сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз зиёд аст.
Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 34,1 фоиз (2 млрд. 101,6 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,9 фоиз (4 млрд. 066,3 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.
Баъди ҷамъбасти маълумотҳои оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2014 маълум гардид, ки фоизҳои миёнавазни амонатҳо бо пули миллӣ 15,11 фоизи солона ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ 12,11 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Қобили зикр аст, ки ба ҳолати 1 июли соли равон дар Тоҷикистон теъдоди ташкилотҳои қарзӣ 141 ададро ташкил дод, аз ҷумла: 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста