Таъсири узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ба соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии ин кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.
Дар иттилоияи расмии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 30-уми сентябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ ва пас аз он пресс-кафе барои журналистон дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва таъсири он ба соҳаи ғизовориву кишоварзӣ баргузор мекунад. Айни мавзӯъ дар иртибот ба саноати оҳангудозӣ имрӯз, 1-уми октябри соли 2014, баррасӣ мешавад.
Намояндагони соҳаҳои мазкур, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ талаботи СТҶ дар робита бо саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ, манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳаҳо аз узвияти кишвар дар СТҶ мебардорад, ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба ин саноатҳоро баррасӣ мекунанд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ баргузор мешавад. Ин лоиҳаи МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.
Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байнулмилалӣ ва мударриби давраҳои омӯзишии мазкур, ҳангоми муаррифии феҳраси созишномаҳои марбут ба СТҶ ба иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ ва пресс-кафе, дар мавриди таъсири узвияти СТҶ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон чунин ибрози назар кард: “Сарфи назар аз он ки бахши хусусӣ аз узвият дар СТҶ дар кӯтоҳмуддат таъсири манфӣ мебинад, пиёда кардани чаҳорчӯбаҳои тиҷоратии шаффофтар, амнтар ва пешгӯишавандатар дар дарозмуддат натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Ман тавсия медиҳам, ки шиносоии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо имкониятҳо ва захираҳои СТҶ идома дода шуда, манфиатҳои соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии кишвар ба эътибор гирифта шаванд. Барои ин, намояндагони ин соҳаҳоро бояд ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ва баҳсҳои фаннӣ пайваста ҷалб кард ва ҳамзамон, барояшон дастрасӣ ба механизм ва василаҳои СТҶ-ро фароҳам овард”.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста