Маҳдудиятҳои истифодаи барқ, ки аз имрӯз, 1-уми октябр ҷорӣ шуданд, алҳол ба шаҳрҳои бузург, марказҳои вилояту навоҳии кишвар дахл намекунанд.
Ба гуфтаи сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, то ҳанӯз реҷаи дақиқи маҳдудияти истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар вуҷуд надорад. «Ширкат дастур дод, ки интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони деҳот аз вақти дери шаб то субҳи барвақт ва ҳамчунин рӯзона, замони ба ҳадди ақал расидани истифодаи он қатъ карда шавад», - таъкид дошт номбурда.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки маҳдудият каме пештар бинобар сабаби сарфаи об дар обанбори Норак дар сурати сард омадани зимистон ҷорӣ мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» қаблан аз нерӯгоҳи барқи обии «Норак» (нерӯгоҳи бузургтарин, ки беш аз 80%-и истеҳсоли барқи кишвар ба он рост меояд) хабар доданд, имсол сатҳи маҷрои дарёи Вахш нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас камтар аст.
«Дар ҳамин давраи соли гузашта сатҳи маҷрои дарёи Вахш 547 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод. Имрӯз бошад, он ба 447 метри мукааб дар як сония баробар буда, шояд маҳз бо ҳамин сабаб тасмим гирифта шудааст, ки лимит каме пештар ҷорӣ шавад, то ки дар фасли зимистон ҷумҳурӣ бебарқ намонад», - гуфтанд дар нерӯгоҳ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи «Норак» дар сатҳи 910 метр қарор дорад, ки ба меъёр баробар аст ва ҷараёни партобҳои холии об аввали моҳи сентябр ба охир расида, феълан шабонарӯзӣ дар нерӯгоҳ 26,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад.
Ёдрас мекунем, ки маъмулан фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо, дар боқӣ минтақаҳои кишвар лимити истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад. Ин маҳдудият қариб то нимаи фасли баҳори соли оянда, то афзудани маҷрои об дар дарёҳо идома меёбад. Дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқ аз ҳисоби оби захирашуда дар обанборҳои нерӯгоҳҳо истеҳсол мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста