Дар доираи сафари сарвари давлат ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди пахта, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати Водии Заррин Фирдавс Валиев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин корхона бузургтарин чунин корхона дар Тоҷикистон буда, метавонад дар як шабонарӯз 800 тонна ва дар як сол беш аз 60 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Ин корхонаи азим бо сарфи 31 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар майдони 9 га бунёд ёфтааст.
Дар ин корхона нахи пахта аз чигит бо технологияи навтарини ин соҳа ҷудо карда шуда, бастабандӣ мешавад. Дар ҳар ду дақиқа дар ин ҷо як баста нахи пахта бароварда мешавад. Ҳоло дар корхона 165 нафар дар ду баст бо кори доимӣ ва моҳонаи миёнаи 1700 сомонӣ таъмин гардидаанд.
Ширкати Водии Заррин ҳамчунин дорои 1000 га замини корами обӣ буда, пахтаи хоҷагиҳои дигарро низ барои коркард харидорӣ мекунад. Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ин ширкат дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа як навъи нави пахтаро бо номи Водии Заррин ҳосил кардаанд, ки аз ҳар гектар замин беш 60 сентнерӣ пахта медиҳад.
Бунёдкорони ин корхона тасмим доранд, ки ояндаи наздик боз як корхонаи равғанкашӣ ва корхонаи коркарди чигити тухмӣ таъсис дода, минбаъд бо бунёди силсилаи корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро аз он ба роҳ монанд.
Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
фуркат 12 октябр, 2014 13:52
салом неким хеле кори ачоиб шуд .. хамихел корхоахо бисер шавад .. ойликашам ачоибот . зинда бошед ..