Аз лимити истифодаи барқ, ки аз 1-уми октябр ҷорӣ шуд, аз ҳама бештар сокинони ноҳияи Рашт ба мушкилиҳо дучор мешаванд.
Бино ба маълумоти дарҷгардида дар торнамои barknest.tj, сокинони Рашт дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат – аз соати 5-00 то 8-00-и субҳ ва аз 17-00 то 22-00-и шом бо барқ таъмин карда мешаванд.
Шабонарӯзи гузашта ба шаҳру навоҳии Файзобод, Роғун ва Рӯдакӣ 9 соат ва Тоҷикободу Тавилдара, Нуробод, Ғончӣ ва Спитамен аз 10 то 12 соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
Тибқи маълумоти ин сомона, дар марказҳои маъмурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумла Душанбе, Турсунзода, Исфара, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Конибодом ва Мастчоҳ таъмини шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ боқӣ мондааст.
Шабонарӯзи гузашта дар вилояти Хатлон қатъи интиқоли барқ қариб ба мушоҳида нарасидааст, ба ҷуз ноҳияҳои Балҷувону Фархор, ки мутаносибан 14 соат ва 20 соат бо барқ таъмин шудаанд. Дар дигар қаламрави вилояти Хатлон нерӯи барқ шабонарӯзӣ (24 соат) интиқол дода шудааст. Шояд ин ба он марбут бошад, ки айни замон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ин вилоят қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон расман реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид.
Маъмулан фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо, дар боқӣ минтақаҳои кишвар лимити истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад. Ин маҳдудият қариб то нимаи фасли баҳори соли оянда, то афзудани маҷрои об дар дарёҳо идома меёбад. Дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқ аз ҳисоби оби захирашуда дар обанборҳои нерӯгоҳҳо истеҳсол мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста