Дар зарфи 9 моҳи соли равон  мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,7%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи сентябри соли ҷорӣ нарх ва тарифҳо ба маҳсулот ва хизматгузорӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,2% афзудаанд.

Гуфта мешавад, тайи соли ахир сатҳи тавррум дар бахши истеъмолии кишвар 6,6%-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.