Аз шоми дирӯз ирсоли смс-паёмак тариқи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабар медиҳанд.
«Азия-Плюс» ба сифати муштарӣ ба ширкатҳои мобилии TCell, MegaFon, Babilon ва Beeline муроҷиат намуда, сабаби қатъи ин хизматгузориро ҷӯё шуд.
Аз маркази хизматгузории TCell хабар доданд, ки воқеъан ҳам ин хизматгузорӣ феълан қатъ шудаааст, зеро мушкилоти фанние мавҷуд аст, ки ба онҳо вобаста нест. «Мо алҳол гуфта наметавонем, ки ин хизматгузорӣ кай барқарор мешавад», - гуфтанд дар ширкат.
Дар MegaFon аз кор накардани хизматгузории смс-паёмак изҳори тааҷҷуб намуда, масъули ширкат зикр кард, ки маълумоти моро қабул кард, то ки сабаби онро муайян созад.
Дар Beeline посух доданд, ки айни замон пайи ошкор кардани мавҷуд набудани имкони ирроли смс-паёмакҳо ҳастанд. Бо дигар ширкатҳои мобилии кишвар тамос гирифтан муяссар нагардид.
Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми октябр ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дар бораи қатъ шудани дастрасӣ ба ҳудуди 300 торнамо ва порталҳои расонаӣ, аз ҷумла Vkontakte, Youtube ва Facebook хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, аз рӯзи 7-уми октябр дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шабакаи интернет комилан дастнорас аст . Бино ба иттилои хабарнигорони «Азия-Плюс» аз шаҳри Хуҷанд, чанде қабл онҳо ба интернети пайвастшавӣ тариқи сим дастрасӣ доштаанд, вале ин алоқа низ қатъ шудааст.
Дар робита ба ин намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет даъват кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста