Ҳайати намояндагони Бонкҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон бо ислоҳоти амалишуда аз ҷониби бонки Гурҷистон дар самти назорати бонкиро меомӯзанд.
Бино ба маълумоти торнамои Бонки миллии Гурҷистон, ҳайати кишварҳои зикршуда барномаи таълимиеро меомӯзанд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, марҳилаи дуюмаш ахири моҳи октябр доир мегардад.
«Дар доираи ин вохӯриҳо меҳмонон бо усулҳои асосии тарзи назорате, ки бар хатарҳо асос ёфта, онро Бонки миллии Гурҷистон ҷорӣ намудааст, аз ҷумла назорати муттаҳида, методологияи тестҳои стрессӣ ва таҳлили сифати дороиҳои қарзӣ аз наздик ошно мегарданд», - омадааст дар иттилои Бонки миллии Гурҷистон.
Гуфта мешавад, зимни ин вохӯриҳо муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдукарим Неъматов баргузории ислоҳот дар бахши бонкдорӣ ва табодули таҷриба дар самти амалисозии муваффақонаи лоиҳаҳо ва таҳияи механизмҳои танзимкунандаро муҳим арзёбӣ кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста