Дар ҷараёни кори ҳамоиши байнулмилалии иқтисодӣ ва срамоягузории «Душанбе-2014: соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисод» дар пойтахт директори генералии нерӯгоҳи барқи оби Сангтӯда-1 Павел Лавров изҳор намуд, ки нерӯгоҳ барои кор бо иқтидори пурра дар мавсими тирамоҳу зимистон омода аст.
Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда дар муносибатҳо бо ширкати «Барқи тоҷик», ки тамоми нерӯи барқи истеҳсолшуда ба ихтиёри он вогузор мегардад, тамоми масъалаҳо тариқи муколамаи созанда ҳаллу фасл мешаванд.
Ба қавли Лавров, дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба таври назаррас (30%) мушкилоти мавсимии норасоии барқро коҳиш медиҳад. «Аз ҷиҳати иқтидор ин дуюмин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 12% аз ҳаҷми умумии барқи тавлидшуда дар кишвар ба он рост меояд», - таъкид дошт вай.
П.Лавров зикр кард, ки истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар нерӯгоҳ бо шарти кори яквақтаи се агрегат ба ҳисоби миёна то 6 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. «Таъмини боэътимоди комплекси истеҳсолии минтақавии ҷануби Тоҷикистон бо марказҳои маъмурии Қӯрғонтеппаву Данғара, ки 65%-и аҳолии кишвар дар он зиндагӣ дораду 75%-и маҳсулоти молии Тоҷикистон дар он истеҳсол мешавад, ба устувории кори нерӯгоҳи Сангтӯда-1 вобаста аст», - изҳор кард дирекотори генералии нерӯгоҳ.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон қисман реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардид. Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ин маҳудудият танҳо ба шаҳрҳои мутаносибан бузурги ҷумҳурӣ дахл надорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста