Зимни нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки маҳдудияти имконоти нақлиётию коммуникатсионӣ яке аз омилҳоест, ки монеаи рушди тиҷорати мутақобилаи миёни кишварҳо мебошад.
«Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишварҳоямон табиист, ки чунин тиҷорат ташкили инфрасохтори заруриро тақозо мекунад», - гуфт президенти Тоҷикистон
Ӯ қайд кард, ки дар ин бахш ҳарду кишвар ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим дар доираи лоиҳаи ТРАСЕКА, Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар Боку қарор дорад, манфиатдор мебошанд.
«Мо ҳамчунин ба роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон манфиатдорем», - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдрас мекунем, ки 10-уми июли соли 2012 хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Боку ифтитоҳ гардида, вале бинобар сабаби камбуди мусофирон минбаъд баста шуд. Моҳи марти соли гузашта низ ин хатсайр барқарор карда шуд, вале боз ҳам ба иллати сабаби дар боло зикршуда мутаваққиф гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста