Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 375 млн. доллари ИМА наздики 440 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аз рӯи ҳаҷм беш аз 60% ва аз рӯи арзиш тақрибан 30% афзудааст. Дар зарфи 9 моҳи соли 2013 ба Тоҷикистон ба маблағи 286 млн. доллари ИМА 273 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ таҳвил гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябри соли равон воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми тақрибан 45 ҳазор тонна ба маблағи ҳудуди 41 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст.
Ба Тоҷикистон асосан аз корхонаҳои коркарди нафти Русия маҳсулоти нафтӣ ворид гардида, ҳисааи онҳо дар ин бозор тақрибан 90% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Дар ҳаҷми начандон зиёд ба кишвар маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Қирғизистон ва боз даҳҳо дигар кишгварҳои ҷаҳон низ интиқол дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон Русия ва Тоҷикистон оид ба таҳвили бидуни пардохти боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия дар соли 2014 дар ҳаҷми 1 млн. тонна тавофуқ ҳосил карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста