Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар корхонаву муассисаҳои зертобеъи ширкати «Барқи Тоҷик» беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, моҳи гузашта шабонарӯзӣ дар ҷумҳурӣ 45,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳи август 8,3% камтар аст. Ҳаҷми истеҳсоли нрӯи барқ дар моҳи август шабонарӯзӣ 49,3 млн. кВт/соатро ташкил дода буд.
Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ба андозаи 12,6 млн. кВт/соат коҳиш ёфта, таҳлилгарони вазорат сабаби инро ба кам шудани талаботи Ширкати алюминии тоҷик ба нерӯи барқ дар соли равон мансуб медонанд.
Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ дар моҳи сентяби соли ҷорӣ дар кишвар ба 1 млрд. 129 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи август 12,3% камтар аст. Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта бошад, истифода нерӯи барқ ба миқдори 96 млн. кВт/соат коҳиш ёфтааст.
«Моҳи сентябри имсол аз нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» аз тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон дар ҳаҷми 175,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,3 млн. кВт/соат бештар ва аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ дар ин моҳ 12,9%-ро ташкил медиҳад», - қайд мекунанд дар Вазорат.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти мониторинги сомонаи www.barknest.tj , имрӯз аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (ба ҷуз ВМКБ, ки низоми энергетикиаш ба «Барқи тоҷик» тобеъ нест) дар як шабонарӯз 8 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар истисноанд, ки ба онҳо дар як шабонарӯз 24 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, саҳеҳ кардани маълумот дар бораи ҳаҷми имрӯзаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аз ширкати «Барқи тоҷик» муяссар намегардад.
Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 2,5 сент маблағ пардохт мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кВт/соати он ба Афғонистон бо арзиши 3,7 сент фурӯхта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста