Аз оғози соли равон дар вилояти Суғд 120 корхонаи нави хурду миёна ва бузурги саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Озифхон Шарифзода хабар дод, дар ин корхонаҳои нав қариб 2,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудааст.
«Имрӯз дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 538 корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз оғози соли ҷорӣ ба маблағи 2,6 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки суръати рушд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (ба маблағи 641,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида буд) 132,3%-ро ташкил дод», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки то ахири сол дар минтақаи шимоли кишвар боз 160 корхонаҳои нав ба истифода дода шуда, дар онҳо беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста