Зимни мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофуддин Имомов президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба раҳбарияти Тоҷикистон барои тасмимашон оид ба масъалаи дар фасли зимистон қатъ накардани интиқоли барқ ба Афғонистоон миннатдорӣ изҳор намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Афғонистон, дар мулоқоти сарвари ин давлат бо сафири Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Шарофуддин Имомов ба сарвари давлати ҳамсоя итминон дод, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба Афғонистон дар бахшҳои гуногун кумак хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, аз аввали моҳи октябр дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ карда шуд. Тибқи маълумоти мониторинги сомонаи www.barknest.tj , имрӯз аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (ба ҷуз ВМКБ, ки низоми энергетикиаш ба «Барқи тоҷик» тобеъ нест) дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 8 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ноҳияи Данғара ва шаҳрҳои нисбатан бузурги кишвар истисноанд, ки ба онҳо дар як шабонарӯз 24 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, моҳи сентябри имсол аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 175,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,3 млн. кВт/соат бештар ва аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ дар ин моҳ 12,9%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 2,5 сент маблағ пардохт мекунад ва ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кВт/соати он ба Афғонистон бо арзиши 3,7 сент фурӯхта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста