Соли ҷорӣ ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон, ки маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 73,5 млн. доллари ИМА 43,8 ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 40,5% ва аз рӯи ҳаҷм 41,2% камтар аст.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 9 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 123 млн. доллари ИМА 74,5 ҳазор тонна нахи пахта содирот шуда буд.
Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблаги умумиаш 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва мабалғи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд.
Имсол нахи пахта аз Тоҷикистон асосан ба Туркия, Покистон, Русия, Эрон ва як қатор кишварҳои дигар содирот шуд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 395 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими имсола зиёда аз 400 тонна ҳосили ин зироатро ба даст оварданианд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста