Дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон тамоили зиёдшавии бақияи пасандозҳо идома дорад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), нишондиҳандаи мазкур дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзуд.
Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ бақияи умумии ҳаҷми пасандозҳо ба охири моҳи августи соли равон 6 млрд. 167,9 млн. сомониро ташкил додааст.
«Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар нуҳ моҳи соли равон аз 34,5 фоиз (2 млрд.167,4 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 65,5 фоиз (4 млрд. 109,1 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад, ки гувоҳи рӯз то рӯз зиёд шудани ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми умумии ин маблағҳо мебошад.», - омадааст дар маълумоти БМТ.
Гуфта мешавад, дар ин давра фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,10 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 12,04 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистонн 141 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд амал мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста