Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон қариб 30% афзуд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда дар моҳи сентябри соли равон 9,1 млрд. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,9 фоиз зиёд буда, илова бар ин, дар ин давра низ раванди афзоиши пешниҳоди қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, 3,9 млрд. сомониро ташкил кардааст.
Гуфта мешавад, айни замон афзоиши мунтазами бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ таъмин гашта истодааст.
Тибқи маълумоти БМТ, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар нуҳ моҳи соли равон бо пули миллӣ 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,30 фоизи солонаро ташкил намуданд.
«Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, 839,3 млн. сомонӣ қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25,7 фоиз зиёд аст», - омадааст дар маълумоти БМТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста