Зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари америкоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳоло бо харҷи 145 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки исломии рушд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маориф татбиқ мешаванд.
Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мусоидат ба мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ, хусусан Афғонистони ҳамсоя баҳои баланд дода, бори дигар омодагии Бонки исломии рушдро барои иштирок дар маблағгузории чунин лоиҳаҳои минтақавӣ чун хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ғайри инҳо таъйид намуд.
Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста