Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд 132,4 тонна моҳӣ барои фурӯш истеҳсол карданд. Маблағи умумии маҳсулоти пешкашшуда дар ин давра беш аз 2,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1% зиёдтар аст.
Бино ба маълуомти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра аз ҷониби кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои ҳифзи захираҳои моҳӣ, ба танзим даровардани моҳидорӣ ва самаранок истифодабарии захираи моҳиҳои обанбори Қайроққум ва ҳавзаи Сирдарё 180 маротиба амалиётҳои фаврӣ гузаронида шудааст.
Дар натиҷа нисбати 121 нафар шаҳрвандон протоколҳо тартиб дода, ҳамаи парвандаҳо барои баррасӣ ба шӯъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо фиристода шудааст.
Маблағи ҷаримаи пешниҳод шуда ба 87 нафар 9760 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин нишондиҳанда 7080 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Зарари пешниҳод шуда ба 38 нафар 2641,6 сомониро ташкил дода, то имрӯз аз 32 нафар 2442 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Тибқи ҳисобу китоби коршиносони ин соҳа, айни замон талаботи воқеъӣ ба моҳии зинда дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо назардошти 15-20 сомонӣ барои як килои нархи миёнаи фурӯши он, гардиши маблағи пулии ин бозор 500 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста