Муҳлати истифодаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2 барои Эронро Тоҷикистон боз 2 сол дароз карда, акнун пас аз гузашти 14,5 сол нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» ваколатдори муваққатии умури Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садрӣ хабар дод.
Мавриди ёдоварист, ки тибқи қарордоди қаблӣ, даромад аз фаъолияти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 муддати 12,5 сол ба ихтиёри Эрон вогузор гардида буд. Сайидмаҳмуди Садрӣ зикр кард, ки дар робита ба қодир набудани Тоҷикистон ба пардохти маблағ, тавофуқ ҳосил шудааст, ки муҳлати дар ихтиёри Эрон қарор доштани нерӯгоҳ ба манфиати Эрон дарозтар карда шавад.
Тавре аз манбаъҳои муътамад ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, санадҳо дар ин хусус ҳанӯз зимни сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон санаи 10-уми сентябр ба имзо расида буданд.
Қобили зикр аст, ки фаъолияти ҶСК «НБО Сангтӯда-2» моҳи марти соли ҷорӣ қатъ шуда, моҳи апрел дубора барқарор шуд ва коршиносон бар ин назаранд, ки маҳз дароз шудани муҳлати ба ихтиёри Эрон вогузоштани даромад аз кори нерӯгоҳ ба ин боис гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Сайидмаҳмуди Садрӣ мегӯяд, айни замон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи Сангтӯда-2 40 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад.
Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Акнун даромади 14,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста