Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Бонки аграрии Чин Лю Шиюй мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкориҳо баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби ин бонк 100 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад.
«Ин маблағҳо ба се самти асосӣ- сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва савдо ва омодасозии кадрҳо равона мегарданд», - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Зимнан зикр мегардад, ки изҳори бовар шудааст, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ин бонки бонуфузи Чин мутақобилан судбахш гардида, ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста