Зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин Чжан Зунян дар Пекин масоили вобаста ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, доир ба тезондан ва бо сифати баланд анҷом додани татбиқи ин лоиҳа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Тавре зикр гардид, сохтмони ин роҳи оҳан бо нақбҳо ва пулҳояш бояд то соли 2016 анҷом дода шавад. Дарози ин қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда, иборат аз 3 нақб бо дарозии умумии 3755 м ва 5 пул бо дарозии умумии 712 м мебошад.
Ҷойи зикр аст, ки қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисону коргарони тоҷик иҷро карда мешавад.
Ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш низ гуфтугӯйи судманд ва табодули назар сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста