Корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон нақшаи солонаи пешбинишудаи истеҳсоли 700 ҳазор тонна ангиштро пеш аз муҳлат ба иҷро расониданд.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар доданд, ба санаи 7-уми ноябр дар ҷумҳурӣ беш аз 710 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Ба итттилои манбаъ, ҳаҷми ангишти фурӯхташуда 678 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 300 ҳазор тонна бештар аст.
«Харидорони асосии ангишт корхонаҳои саноатӣ ва бахши энергетика мебошанд, ки аз ҳаҷми умумии ангишти фурӯхташуда 82%-аш ба ҳиссаи онҳо рост меояд. Аз ҷумла маркази барқи гармидиҳии Душанбе зиёда аз 184 ҳазор тонна ангишт харид», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон захираи ангишти хушсифат дар анборҳои корхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯш беш аз 56 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорат, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста