Аз 16-уми ноябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ дар шаҳрҳои вилояти Суғд низ ҷорӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» директори муассисаи шабакаҳои барқи вилояти Суғд Муъминҷон Муҳаммадзода хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми октябри соли равон дар тамоми ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар реҷаи маҳдуди истифода барқ ҷорӣ гардида, акнун он ба шаҳрҳои вилоят низ дахл кард.
Бино ба гуфти манбаъ, минбаъд рӯзона ба шаҳрҳо муддати 5 соат ва шабона низ аз соати 00-00 то 05-00-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад, яъне акнун шаҳрнишинони вилоят дар як шабонарӯз 14 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.
«Лимити ҷудошуда барои вилояти Суғд 7 млн. 500 кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад, талаботи воқеъии истеъмолгарон бошад, бидуни реҷаи маҳдуд, ба 14 млн. 500 кВт/соат баробар аст», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ танҳо нисбати корхонаҳои саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳими вилоят истифода намешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста