То аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон тақрибан 92% аз нақшаи пешбинишуда ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона то 17-уми ноябр кишоварзони ҷумҳурӣ ҳудуди 374 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 91,5%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки маъракаи ғунучини ҳосили имсолаи пунбадона идома дошта, айни замон дар майдонҳои кишвар 115 ҳазор нафар ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 178 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии 4080 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ даҳаи сеюми моҳи август шурӯъ шуда буд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи навбатии ситоди ҷумҳуриявӣ вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар аз хунукии барвақти иқлим дар Тоҷикистон изҳори ташвишу нигаронӣ намуда , таъкид кард, ки баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда шуда, ҳамкориро бо ситодҳои ҷамоату ноҳия ва вилоятҳо пурзӯр намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста