Дар Тоҷикистон тамоили коҳиши ҳаҷми содироти нахи пахта, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, идома дорад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 94,7 млн. доллари ИМА 59,3 ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 35,9% ва аз рӯи ҳаҷм 33,1% камтар аст.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 10 моҳи соли 2013 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 147,8 млн. доллари ИМА 86,6 ҳазор тонна нахи пахта содирот шуда буд.
Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблаги умумиаш тақрибан 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва маблағи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд.
Имсол нахи пахта аз Тоҷикистон асосан ба Туркия, Покистон, Русия, Эрон ва як қатор кишварҳои дигар содирот шуд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 395 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, дар мавсими имсола зиёда аз 400 тонна ҳосили ин зироатро ба даст оварданианд. То аввали ҳафтаи равон дар ҷумҳурӣ беш аз 90%-и нақшаи пешбинишудаи ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда, ғунучини ҳосил идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста