Бонки Эсхата соҳиби сертификати байналхалқии сифат ISО 9001:2008 гардид.
Чуноне ки раиси Раёсати Бонк Хуршед Носиров иброз дошт, ҳадафи асосии ҷорӣ кардани системаи менеҷменти сифат дар бонк пеш аз ҳама баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ҷории ҷавобгӯ ба талабот ва интизории мизоҷон, таъмини самаранокӣ ва рақобатпазирӣ, беҳтарсозии пайвастаи фаъолияти бонк, ки кафолати иҷрои талаботҳоро оид ба сифат медиҳад.
Охири соли 2013 аз ҷониби Раёсати Бонк бо мақсади гирифтани тасдиқи мутобиқат ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 оид ба гузаштани сертификатсиякунонӣ ва соҳаи он – хизматрасонии интиқоли пулӣ қарор қабул гардид.
Бояд қайд кард, ки дар чаҳорчӯбаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат ҷараёнҳои асосии бонк осон карда шуда, регламентҳои нав ва ҷараёнҳои корӣ мураттаб гардидаанд ва аз рӯи он омӯзиши кормандони бонк гузаронида шуд.
Барои гузаронидани аудити сифат аудиторони ташкилотҳои байналхалқии Intertek даъват карда шуданд.
Дар натиҷаи гузаштани ҳамаи давраҳои аудит, Бонки Эсхата сертификати мутобиқатро ба стандарти байналхалқии ISO 9001:2008 соҳиб гардид.
Айни ҳол Бонки Эсхата дар Тоҷикистон яке аз нахустин муассисаи молиявие ба ҳисоб меравад, ки дорои сертификати байналхалқии ISO 9001:2008 мебошад. Ин дастовард ба Бонк барои гузаштан ба сатҳи нави ҳамкорӣ ва сатҳи байналхалқии идоракунии сифат имконият медиҳад, ки бешубҳа ба мукаммалкунии мунтазам ниёз дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста