Узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов мутмаин аст, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун Тоҷикистон бояд кишварҳои узви ИДМ-ро ҷалб намояд, зеро худи Тоҷикистон яккаву танҳо аз уҳдаи бунёди ин иншооти бузург баромада наметавонад.
«Касоне фикр доранд, ки мо бо нерӯи худӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун қодирем, хомхаёланд. Мо аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ, аз ҷумла маблағи фурӯши саҳмияҳо ба аҳолӣ ба сохтмони ин иншоот қодир нестем. Ба ҷамъияти саҳҳомии мавҷуда шомил кардани Русия, Қазоқистон ва дигар кишарҳои узви ИДМ зарур аст. Оииномаи ин ҷамъиятро бозбинӣ карда, ба ин кишварҳо имкон додан даркор аст, ки саҳмияҳо харидорӣ намоянд», - иброз дошт ӯ.
Дар идома номбурда қайд кард, ки дар ин кор «ба кишварҳои ИДМ афзалият додан зарур аст» ва танҳо воситаҳои камбуди пас аз ин боқимондаро метавон аз ҳисоби сармоягузориҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои хориҷи дур (Эрон, Покистон, Чин ва ғайра) ҷалб намуд.
Шабдолов бар ин назар аст, ки бо кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистонро умумиятҳои зиёде муттаҳид намуда, дар сурати зарурат, онҳо метавонанд ҳатто қарзҳояшонро бозбинӣ кунанд ё ба мо гузашт кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Шабдолов қотеъона ба ҷалби қарзҳои хориҷӣ аз ҷониби давлат барои сохтмони Роғун мухолиф аст. «Чӣ қадре хоҳем, хориҷиён ба мо қарз медиҳанд, вале мо қодир нестем, ки қарзҳоро баргардонем, чунки фавран қарзи гирифтаро ба сармояи истеҳсолӣ табдил дода наметавонем, ки ба хизматгузории қарзи гирифта қодир аст ва хориҷиён ба мо қарзҳоро намебахшанд. Аз ин рӯ, кӯшиш бояд кард, ки аз инҳо қарз гирифта нашавад», - изҳор намуд вай.
Вакил ҳамчунин шарҳ дод, ки барои Роғун мо маҷбурем, ки чанде аз таҷҳизоти муосирро ба қарз харем, ки имрӯз танҳо дар кишварҳои рушдёфтаи ғарбӣ истеҳсол мешаванд, яъне мо метавонем танҳо технология барои нерӯгоҳро ба қарз гирем.
Дар робита ба воситаҳои буҷет, ки ҳамасола барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона мегарданд, Ш.Шабдолов чунин ибрози андеша намуд, ки «Роғун натанҳо нерӯгоҳу сарбанд ва турбина аст, балки он як маҷмӯи мукаммал, шаҳрак бо тамоми зерсохтори иҷтимоӣ мебошад ва воситаҳои буҷет ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани зербинои мавҷуда ва сохтмони зербинои нав ва дар маҷмӯъ тамоми зербино, аз ҷумла иҷтимоӣ истифода мешаванд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста