Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба аввали моҳи равон ҳаҷми бақияи умумии қарзҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон қариб 28% афзуд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ин нишондиҳанда ахири моҳи октябри соли равон зиёда аз 9 млрд. 271 млн. сомонӣ (беш аз 1,8 млрд. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 27,2 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, беш аз 3,8 млрд. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва зиёда аз 5,4 млрд. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил додаанд.
Гуфта мешавад, дар таркиби бақияи қарзҳо 55,6 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 44,4 қарзҳои дарозмуддат ташкил дода, фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 24,72 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,43 фоизи солона баробар шудааст.
«Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар давраи ҳисоботӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,1 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 939 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6 фоиз зиёд мебошад», - зикр мегардад дар маълумоти БМТ.
Қаблан БМТ иттилоъ дода буд, ки беш аз нисфи қарзҳои додашудаи бонкҳо дар соли равон ба ҳиссаи ду бонки тиҷоратии ҷумҳурӣ – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» рост меоянд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 141 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 41 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 43 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста