Рӯзи 25-уми ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Бӯриев бо мутахассиси департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд (БОР) хонум Приянка Суд баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Тоҷикистон ва БОР, ҳамчунин, мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, фаъол намудани ҳамкории Марказ бо вазорату идораҳои соҳавӣ, имконияти татбиқи якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳо вобаста ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, як рӯз қабл муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гулрӯ Қаюмова бо ҳайати намояндагони БОР хонум Тамара Ковзиридзе ва Фаррух Султонов мулоқот анчом дода, дар вохӯрии мазкур масоили рушди саноатии кишвар, инкишофи минбаъдаи бахши саноатӣ ва нақши он дар диверсификатсияи рушд, робитаи он ба коркард, содирот ва шуғл, ҳамчунин имконият ва масъалаҳои ҷойдошта баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, дар анҷоми мулоқотҳои суратгирифта ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки осиёии рушд омодагии худро баён доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста