Нимаи дуюми рӯзи 26-уми ноябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор шуд, ки дар кори он сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин анҷуман наздики 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, изҳори бовар намуд, ки ин нишаст натиҷаҳои судманд хоҳад дошт.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, соддагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ корҳои назаррас анҷом ёфта, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.
Дар ифтитоҳи анҷуман ҳамчунин Президенти Чехия Милош Земан сухан ронда, аз пазироии самимии Тоҷикистон арзи сипос кард ва ҳам бо ёдоварӣ аз имконоти фарохи мавҷуда соҳибкорони ду кишварро ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд ташвиқ намуд.
Кори анҷуман бо суханронии дигар масъулини ду ҷониб ва бо нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат идома ёфт. Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику чех ҳосил шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста