Низоъ дар Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Русия метавонанд ба афзоиш ё коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсир расонанд.
Бино ба маълумоти Радиои СММ бо такя ба гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), соли 2014 интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 5% меафзояд.
«Соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 413 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, тибқи дурнамои ҷорӣ, имсол ин нишондиҳанда ба 435 млрд. доллари ИМА мерасад. Бояд хотиррасон намоям, ки ин танҳо рақамҳои ҳуҷҷатгузоришуда аст ва дар ин маълумот интиқоли ғайрирасмии маблағҳо ба инобат гирифта нашудааст», - қайд кардааст сариқтисодчии БҶ Дилип Ратха.
Гуфта мешавад, мувофиқи як нишондиҳанда – ворид шудани воситаҳои пулӣ аз муҳоҷирон аз рӯйи фоизҳо нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, кишварҳои пасошӯравӣ пешсаф буда, дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда – 42%, Қирғизистон – 32% ва Молдова – 25% (зинаи чорум)-ро ташкил медиҳад.
Агар нишондиҳндаи дигар – ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар ифодаи пулӣ гирифта шавад, зинаи аввалро Ҳиндустон (72 млрд. $), дуюмро – Чин (64 млрд. $) ишғол намуда, Украина (9 млрд. $) зинаи даҳумро ишғол мекунад.
Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон, бо шумули интиқоли маблағҳо ба кишварҳои дорои сатҳи баланди даромадҳо, соли равон – 582 млрд. доллари ИМА ва соли 2015 – 608 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта тариқи воситаҳои расмӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 4,5 млрд. доллари ИМА маблағҳои пулӣ интиқол дода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста