Дар меҳмонхонаи "Шератон"-и Давлати Кувайт бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини вазири тиҷорат ва саноат Самира ал-Ғариб, роҳбарони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои туристии Кувайт ва дигар хоҳишмандон ширкат варзиданд.
«Аз ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои туристии "Ассотсиатсияи мададгор ва рушди ширкатҳои туристӣ", ҶДММ "Памир силк Травел", ҶДММ "Сафари Помир", "Ассотсиатсияи эко-сайёҳӣ ва фарҳангии Помир", ҶДММ "Ҳафткул", ҶДММ "Боми ҷаҳон" ва ҶДММ "Памир пикс" таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев иштирок карда, роҷеъ ба имкониятҳову минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот ироа намуданд», - қайд мешавад дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, зимни чорабинии мазкур барои доир намудани ин намоишгоҳ ба ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода шуда, таъкид гардид, ки пас аз муаррифии Тоҷикистон дар Кувайт сафари сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд хоҳад шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин намоиш дар ҳамаи расонаҳои хабарии Кувайт, аз ҷумла "The Times Kuwait", "ал-Қабас", "ан-Наҳор" "ал-Ҷарида" ва телевизиони давлатӣ нашр ва пахш шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста