Боздиди намояндаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) аз Тоҷикистон, ки бо ҳадафи баҳогузорӣ ба ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон сурат гирифта буд, имрӯз, 28-уми ноябр, бо баргузории як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон анҷом пазируфт.
Тавре Саидмӯъмин Камолов, раҳбари миллии барномаҳои МТБ хабар дод, ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат гирифт. Ин барнома аз ҷониби МТБ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Муниш Тягӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба соҳаи нассоҷӣ ва ҳамзамон, мушовири аршади ширкати ҳиндии Раҷеш Бҳеда Консалтинг, дар ҷараёни сафараш аз 19-ум то 28-уми ноябр аз бештар аз 10 ширкати нассоҷии Душанбеву Суғду Хатлон дидан кард. Ҳадаф аз ин боздидҳо баҳогузорӣ ба фаъолияти корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар самти ресандагӣ, рангрезӣ, ва бофандагӣ буд. Ҷаноби Тягӣ натиҷаҳои аввалияи сафари худро бо тавсияҳои нахустинаш дар ду давраи омӯзишии нимрӯза дар шаҳрҳои Хуҷанд (25-уми ноябр) ва Душанбе (28-уми ноябр) дар миён гузошт. Ин давраҳои омӯзишӣ бо мақсади ёрӣ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар беҳтар кардани фаъолияташон ва ҳал кардани масоиле, ки дар ҷараёни кор пеш меояд, тарҳрезӣ шуда буданд.
Ҳангоми боздидҳояш аз корхонаҳо, ҷаноби Тягӣ дар мавриди истифода аз намунаҳои гуногуни фанновариҳо вобаста ба дархост ва ниёзҳои корхонаҳо тавсияҳо ироа намуд. Интизор меравад, ӯ ҷиҳати муваффақияти қадамҳои баъдии корхонаҳои Тоҷикистон дар роҳи беҳтар кардани маҳсулоташон ва вуруд ба бозорҳои нав тавсияҳои муфассалтар пешниҳод бикунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста