Таҳлилгарони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) коҳиши суръати рушди иқтисодӣ аз 6,6% дар соли 2013 то ба 5,5% дар солҳои 2014-2015 дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказиро пешгӯӣ мекунанд.
Дар гузориши моҳи ноябр интишоршудаи Хазина таҳти унвони «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ» дар ин робита қайд мешавад, ки коҳиши суръати рушди иқтисод асосан ба заъифшавии талаботи дохилӣ дар кишварҳои содиркунандаи нафти минтақа ва коҳиши содирот дар кишварҳои воридкунандаи нафт бар асари кам шудани фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия бастагӣ дорад, ки шарики асосии тиҷоратӣ ва сарчашмаи интиқоли маблағҳои пулӣ маҳсуб меёбад.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки омилҳои муайянкунандаи ин пешгӯиҳо хатарҳои геополитикӣ мебошанд, ки ба низоъи Русияву Украина дахл доранд. «Коҳиши бештар ё дарозмуддати фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия ба иқтисоди кишварҳои минтақа тариқи воситаи интиқоли маблағҳои пулӣ (Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон), тиҷорат (Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон) ва сармоягузориҳои мустақим (Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) таъсири назаррас мегузоранд», - таъкид мешавад дар гузориш.
Гуфта мешавад, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон ва даромади ҷумҳурӣ аз содироти алюминий ва нахи пахта коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми воридот меафзояд, ки ба рӯйпӯшкунии он дар сатҳи паст аз ҳисоби захираҳо боис мегардад.
Таҳлилгарони Хазина ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҷиддӣ ба шадид шудани сиёсати пуливу қарзӣ, бахусус зимни нигаҳдории суръати баланди афзоиши қарзҳо дар бахши хусусӣ омодагӣ гирад.
Тибқи пешгӯии ХБА, дар солҳои 2014 ва 2015 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеъии Тоҷикистон 6% ва мизони таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ соли равон 6,6%-ро ташкил дода, соли 2015 ба 8,3% мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста