- Бинокорони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба бастани маҷрои дарёи Вахш барои сохтмони сарбанди нерӯгоҳ эҳтимол соли 2016 шурӯъ кунанд, - иброз доштааст дар мусоҳиба ба «Евразийское развитие» котиби кумитаи миллии тоҷикистонии Комиссияи байнулмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург Ҳамид Орифов.
Ӯ зикр кардааст, ки то ин замон бояд ҳамаи нақбҳо омода гардида, сарчашмаҳои маблағгузории тамоми лоиҳа дарёфт шаванд. «Муҳимтар аз ҳама «маъқул шуморидан»-и лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ аст», - таъкид доштааст Орифов.
«Таври маълум, ташхис нишон дод, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳам аз нигоҳи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳозӣ экологӣ ба кишварҳои поёноб ҳеҷ хатаре эҷод намекунад. Ӯзбекистон изҳор дошта буд, ки дар Роғун об захира шуда, ҳашт сол онҳо бе об мемонанд, вале ин тавр нест. Мо обро дар обанбор тибқи квота захира намуда, аз он зиёд намегирем», - қайд кардааст энергетики тоҷик.
Ба гуфтаи Ҳ.Орифов, аз нигоҳи бехатарӣ низ ташхис гузаронида шуда, ҳеҷ нишондиҳандаи муқобили сохтмони нерӯгоҳи Роғун пайдо нагардид. «Агар Тоҷикистон ҳамаи тавсияҳои Бонки ҷаҳониро риоя намояд, ҳеҷ мушкилоте пеш нахоҳад омад. Дар муддати ду сол бунёди нақби сеюми сохтмонӣ дар назар буда, эҳё ва мустаҳкам кардани ду нақби мавҷуда ба итмом мерасад. Ин корҳоро анҷом додан зарур аст, то ки зимни сохтмон барои партоби ҳаҷми ниҳоии имконпазири обхезиҳо шароит мавҷуд бошад», - гуфтааст номбурда.
Ҳ.Орифов бори дигар таъкид доштааст, ки «муҳимтар аз ҳама мо арзёбии мусбати Бонки ҷаҳониро ба даст овардем ва бо риояи ҳамаи тавсияҳои он, дигар ҳеҷ касе ба бунёди нерӯгоҳи Роғун монеъа эҷод намекунад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста