Дар вохӯрии намояндагони Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон (JICA) бо вазорату идорахои соҳавии Тоҷикистон, ки рӯзи 10-ум декабр доир мегардад, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Бино ба итттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар доираи омодагӣ ба ин ҷамъомад дар Вазорати мазкур вохӯрии муовини аввали вазир Неъматҷон Бӯриев бо роҳбари намояндагии JICA Сузуки Казуя баргузор гардид.
Гуфта мешавад, чунин чорабинии муҳим дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида мешавад ва дар он фаъолияти ҷории JICA ва соҳаҳои ояндаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин тақвияти ҳамкории судманд байни Агентӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба курсҳои омӯзишии JICA бештар фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, татбиқи барномаҳои дигари муштарак аз мавзӯъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста