Чанде қабл дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мулоқоти вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо сафири нави Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ҳайати Созмони Ҷаҳонии Савдо (ВТО) ворид гардида, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмиллалӣ қонуну санадҳои ҳуқуқиву меъёрии худро ба талаботҳои ин ташкилоти бонуфуз мутобиқ мегардонад.
«Соли 2012 дар якҷоягӣ бо тамоми намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмиллалии дар қаламрави Тоҷикистон амалкунанда «Барномаи ислоҳоти соҳаи аграрии ҶТ барои солҳои 2012-2020» таҳия ва қабул гардид, ки дар татбиқи он барои се соли аввал панҷ самти афзалиятнок муайян гардидааст», - иброз дошт вазир.
Гуфта мешавад, сафир пешниҳодҳои вазоратро ба талаботҳои Иттиҳоди Аврупо мутобиқ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки барои солҳои минбаъда то соли 2020 нақшаи маблағгузории ин иттиҳод ба Тоҷикистон таҳрезӣ шуда, тариқи грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои соли оянда дар ҳаҷми 51 млн. евро ва соли 2016 45 млн. евро ба соҳаи агарарӣ интиқол хоҳад ёфт.
Зимнан зикр мегардад, ки Қосим Роҳбар бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои мутақобила изҳори умедворӣ намуд, ки дар татбиқи Лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ принсипҳои шаффофият, самаранокӣ ва риояи талаботҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи агарарии мамлакат риоя гардида, ворид намудани мутахассисони вазорат ба ҳайати гурӯҳҳои корӣ новобаста аз самти фаъолияташон (самти обёрӣ (мелиорация), замин (ирригация), бахши бонкӣ (молия), иҷтимоиёт ва ғ.) аз манфиат холӣ нахоҳад буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста