- Қарори Идораи роҳи оҳани Русия дар робита ба муддати як сол маҳдуд кардани ҳаракати қатораҳояш ба як қатор кишварҳои ИДМ ба ҳеҷ ваҷҳ ба Тоҷикистон дахл дошта наметавонад, зеро қатораҳои Русия ҳеҷ гоҳ ба ҷумҳурии мо тариқи хатсайрҳо наомадаанд, - иброз дошт дар шарҳи маълумоти ВАО-и Русия дар мавриди ин масъала муовини сардори Сарраёсати «Ҳамлу нақли мусофирон»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Каримҷон Муъминов.
Ӯ қайд кард, ки қатораҳо тариқи хатсайр аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс ҳамеша бо қатораҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон сурат мегиранд ва чӣ гуна ба ин рӯйхат шомил шудани Тоҷикистон дақиқан маълум нест.
Ба гуфтаи Муъминов, азбаски Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар реҷаи ҳаракати қатораҳо ба самти Русия ҳеҷ тағйироте ворид намекунад, қатораҳо ба Русия чун пештара равуо хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки айни замон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба самти Русия бо ду хатсайр – Душанбе – Маскав - Душанбе (се маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд – Маскав - Хуҷанд (ду маротиба дар як ҳафта) қатораҳои мусофирбарро сафарбар месозад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста