Имрӯз дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд филиали нави ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» ба хизматрасонии мизоҷон шурӯъ намуд, ки маросими тантанавии он бо иштироки кормандони маъмурияти шаҳри Истаравшан, намояндагони воситаҳои ахбори омма, сокинони шаҳр ва инчунин мизоҷон ва кормандону ҳамшарикони Бонк баргузор гардид.
Дар иттилоияи расмии ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» дар ин робита зикр мегардад, ки зимни суханронӣ дар маросими мазкур раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» Катарина Шахтнер аҳамияти рӯйдоди мазкурро барои аҳолӣ чунин маънидод кард:
«Мақсади асосии мо – пешниҳоди дастрас барои аҳолӣ ба маҳсулот ва хизмарасониҳои манфиатнок ва шаффоф баҳри беҳбудии сифати соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои баланд мебошад. Диққати асосӣ ба қарздиҳии соҳаи кишоварзӣ, ки самти асосии филиали мо аст, дода мешавад. Бо чунин роҳ мо хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқониро фаъолона дастгирӣ мекунем».
Гуфта мешавад, дар филиали нави «АксесБонк Тоҷикистон» мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ), имкон доранд, ки дар муддати кӯтоҳ суратҳисобҳои амонатӣ ва пасандозӣ бо фоизҳои манфиатнок кушоянд, қарзҳои манфиатнокро барои инкишофи соҳибкории хурд ва миёнаро интихоб кунанд, аз хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии хазинавӣ истифода баранд ва инчунин аз хизмати интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути системаҳои дилхоҳ истифода кунанд.
Раиси Раёсати бонк қайд намудааст, ки кушодашавии филиал бо туфайли дастгирии ҳукумати ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ва инчунин кори пурмаҳсул ва босамари гурӯҳи касбии «АксесБонк Тоҷикистон» имконпазир шудааст.
Қобили зикр аст, ки филиали мазкур 8-умин филиали «АксесБонк Тоҷикистон» шуд, ки дар маркази шаҳр бо назардошти муносиб бо мизоҷон ҷойгир карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста