Давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме боло рафта, ба ҳисоби миёна то ба 5,4490-5,4680 сомонӣ барои 1 доллари ИМА расид.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро нисбатан поин рафта, ба 0,1004-0,1015 сомонӣ барои 1 рубли русӣ ва 6,5800-6,6050 сомонӣ барои 1 евро баробар шудааст.
Ба иттилои манбаъ, 11 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе - 5,4740-5,4950 сомонӣ, ш. Хуҷанд - 5,4800-5,5000 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа - 5,4500-5,470 сомониро ташкил додааст.
Қаблан дар Бонки миллии ҷумҳурӣ итминон дода буданд, ки устувории қурб ва муътадилии фаъолияти бозори асъорро таъмин мекунанд.
Зикр гардида буд, ки дар аксари бозорҳои молии ҷаҳон айни замон калавиши беҳад зиёди қурби асъори хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.
«Айни замон чунин тамоил дар аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷой дорад, - гуфт зимни суханронӣ дар маросими муаррифии Гузориши минтақавии иқтисодии Хазинаи байнулмилалии асъор дар Душанбе раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов. – Нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон, асъори миллиии бисёре аз кишварҳо бештар беқурб шуданд».
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА тақрибан ба андозаи 9% коҳиш ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста