Дар фурудгоҳи Емеляновои шаҳри Крсаноярск ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» каме осеб дид.
Дар иттилоияи имрӯз интишоршудаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки ин ҳодиса соати 4-и субҳи рӯзи 14-уми декабр рух дода, яке аз дастгоҳҳои ҳавопаймои Боинг 737-300 баъди оромона фуруд омадан бар асари ба он наздик шудан (расидан)-и зинапоя барои фурудоии мусофирони фурудгоҳи «Емеляново» осеб дидааст.
«Барои ҳамлу нақли мусофирони ин хатсайр аз пойтахти Тоҷикистон ба Красноярск таъҷилан ҳавопаймои Боинг 737-800 ва муҳандиси ширкати «Сомон Эйр» бо таҷҳизоти зарурӣ сафарбар шуд. Айни замон дар фурудгоҳи «Емеляново» корҳои ивази дастгоҳи осебдида дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар фурсати наздиктарин ҳавопаймо ба Душанбе бармегардад», - қайд мешавад дар иттилоияи ширкат.
Гуфта мешавад, айни замон ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста