Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои дар сатҳи устувор нигаҳ доштани қурби арзи миллӣ – сомонӣ баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакатро зарур медонад.
Дар посух ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» намояндагони БМТ дар ин робита изҳор намудаанд, ки «барои муътадил ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари давом додани сиёсати имрӯзаи қурбӣ, андешидани чораҳои дигар, аз қабили зиёд намудани истеҳсоли молҳои босифату дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат зарур аст».
Ғайр аз ин, дар БМТ бар ин назаранд, ки «зарур аст, ки дар сиёсати берунии иқтисодии кишвар, бахусус дар бахши ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар робита ба маҳдуд кардани воридоти молҳои хориҷие, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ истеҳсол мешаванд, қарорҳои марбута қабул карда шаванд».
Дар ҳамин ҳол, коҳиши сомонӣ нисбат ба доллари амрикоиро дар БМТ ба омили беруна - буҳрони сиёсию иқтисодӣ, молиявию асъории ҷаҳонӣ ва бад шудани вазъи иқтисодию молиявии шарики асосии савдои хориҷии Тоҷикистон – Русия нисбат медиҳанд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, омили дигари коҳиши қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА афзоиши ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар аст.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон қурби арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА тақрибан ба андозаи 9% коҳиш ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста