Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон беш аз 65% афзуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 805 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 318 ҳазор тонна зиёдтар аст.
«Истихроҷи ангишт бинобар сабаби мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва гузариши корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар истеҳсолот, гармкунӣ ва дигар талабот ба ивази гази табиӣ ва нерӯи барқи гароннарх (масалан, барои коркарди газ дар ТАЛКО) зиёд шуд», - гуфтанд дар вазорати мазкур.
Зимнан зикр гардид, ки моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ 116 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки дар муқоиса бо моҳи октябр 18 ҳазор тонна бештар мебошад.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, феълан зиёда аз 160 корхонаҳои саноатии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 25% афзуда, ба 518 ҳазор тонна расид. Ҳаҷми ангишти фурӯхташуда ба истеъмолгарон бошад, аз 424 ҳазор то ба 482 ҳазор тонна расид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста