Дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон қариб 205 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 12,6 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, моҳи ноябр ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 18,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 36 тонна камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки ин навъи сӯзишвориро Тоҷикистон асоаан аз Қазоқистон ва ҳамчунин аз Русияву Туркманистон низ ворид мекунад. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 214 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, айни замон беш аз 49%-и нақлиёти автомобилии кишвар бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, арзиши ин навъи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт тақрибан ба миқдори 30%, аз 2,9 - 3 сомонӣ то ба 3,8 - 4 сомонӣ барои як литр боло рафт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста