Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ минбаъд болоравии нархи гандум ва орди гандумӣ дар Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад.
«Ҳарчанд ин маҳсулот дар минтақа дастрас бошад ҳам, бинобар сабаби зиёд шудани нарҳои содиротӣ дар минтақа ва афзоиши талаботи мавсимӣ ба захира дар остонаи фарорасии фасли зимистон, аз болоравии нархи гандум ва орди гандум дар Тоҷикистон интизорӣ меравад», - зикр мегардад дар гузориши солонаи «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ»-и Вазорати рушди иқтисод.
Коршиносони вазорат бар ин назаранд, ки коҳиши идомадоштаи қурби арзи миллӣ ба нархҳои маҳслоти воридшаванда таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Бино ба маълумоти Вазорат, дар муқоиса бо моҳи октябр моҳи ноябри соли равон болоравии нархҳо ба орди гандумӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида расидааст.
«Ба ҳолати 5-уми декабри соли 2014 нархи миёнаи 1 халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 153 сомонӣ ё худ 30 доллари ИМА (моҳи октябр – 144,5 сомонӣ) ва орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 161,5 сомонӣ ё худ 31,7 доллари ИМА (моҳи октябр – 153,13 сомонӣ)-ро ташкил дод», - таъкид мешавад дар гузориш.
Тибқи маълумоти Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО), соли равон ҳаҷми истеҳсоли гандум дар Қазоқистон, ки дар минтақа кишвари бузургтарини истеҳсолкунандаи ин навъи зироати кишоварзӣ аст, нисбат ба соли гузашта камтар хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон гандуму орд ворид мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста